Бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми август дар шаҳри Қӯрғонтеппа чанд иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони якчандтои дигар оғоз бахшида шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон нахуст осорхонаи вилоятиро кушода, бо намунаҳои осори таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз наздик шинос шуд. Дар паҳлўи осорхона, ҳамчунин китобхонаи вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ин китобхона бо дастуру ҷаноби Раҳмон бунёд ёфта, дорои толорҳои нигаҳдории китобҳо, толори китобхонӣ бо 250 ҷойи нишаст ва бахши китобхонаи электронӣ мебошад.Дар маҳаллаи «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки президент як кўдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои таълиму тарбияи 330 нафар кўдакон пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи 5 – ошёнаи замонавӣ бо шароити сатҳи байналмилалӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои қабули 100 меҳмон пешбинӣ шудааст. Дар кўчаи Садриддин Айнӣ бошад, президенти Тоҷикистон ба сохтмони як бинои 15 – ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшид, ки он баландтарин бино дар вилояти Хатлон хоҳад буд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ҷараёни сафарҳояш ба вилояти Хатлон раисиҷумҳури Тоҷикистон аз навоҳии Бохтар, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон дидан кард.{jathumbnail off}