Ифшои 19 ҳолати фаъолияти хешутаборон дар як ниҳод
Оҷонсии мубориза зидди коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 19 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборонро дар як ниҳод ошкор кардааст, ки бар асоси қонунгузории кишвар ҳолати мусоидаткунанда ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад.
Ба иттилои масъулони ин ниҳод, соли 2012 чунин ҳолат 24 ададро ташкил медод, вале дар соли 2013 майли камшавӣ доштаанд.
Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ таъкид мекунад, барои бартараф намудани шароитҳои мусоидаткунанда ба коррупсия ба шахсони мансабдор дар маҷмуъ 4 ҳазору 3 дастури хаттӣ фиристода шудааст. “Дар натиҷаи баррасии ин санадҳои эътиноии Агентӣ 1950 нафар шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд”,-навиштааст торнамои расмии Оҷонсӣ.Дар акс: Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)