Таъзияи Достиев ва маросими видоъ бо Боғшоҳи Лашкарбек
Сафорати Тоҷикистон аз даргузашти Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷик ва раҳбари маркази фарҳангии “Нур”, ки шаби 2 феврал дар бемористоне дар Маскав ҷон дод, изҳори таассуф карда, ба наздикону дӯстонаш сабри ҷамил хостааст.
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, масъулони сафоратро ҷамъ оварда гуфтааст, бо хонаводаи Боғшоҳи Лашкарбек дар тамос буда, дар масъалаи ташкили маросими видоъю интиқоли ҷасадаш ба Ватан кумак намоянд. Интизор меравад, рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ маросими видоъ бо Боғшоҳи Лашкарбек дар Маскав баргузор гардад.
Сафорати Тоҷикистон рӯзи севуми феврал бо пахши иттилоияе гуфтааст, “мавсуф ба сифати яке аз фаъолони диаспораи миллии тоҷикон дар Русия бо сафорати Тоҷикистон ҳамкории зич дошт. Ҳамчун сипаҳсолори фарҳанги миллии тоҷикон дар хоки кишвари Русия ҳамеша дар такопӯ буд, то насли феълии ҳамватанони мо, ки аксар ҷавонону наврасонанд, аз решаҳои асли хеш, ки дар кӯҳистони Ватан ҷой доранд, ба дуриҳо наяфтанд, решапайвандие дошта бошанд. Инҷост, ки доимо маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мекарданд, кишвари азиз ва фарҳангу адабиёти қадимии мардуми моро муаррифӣ менамуданд.”
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар охири ин иттилоияаш марги Боғшоҳи Лашкарбекро талафоти гароне барои миллати тоҷик, бахусус, тоҷикистониҳои муқими Русия унвон кардааст.
Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди 65-солаи тоҷик, шаби 2 феврал дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузашт. Наздикони ӯ гуфтанд, Боғшоҳи Лашкарбек ахиран қалбашро ҷарроҳӣ карда будааст. Вай соли 1949 дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба дунё омада, кишварро дар солҳои навадуми қарни гузашта, дар пайи нооромиҳои дохилӣ, тарк карда буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)