Як ҳафта тамдид шудани таътили зимистона дар мактабу донишгоҳҳо
Бо дастури Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, таътили зимистона дар куллия муассисаҳои таълимии кишвар то даҳуми феврал тамдид карда шудааст. Дар ҳоле ки қарор буд, таътили зимистона рӯзи севуми феврал ба анҷом расида, дарсҳо шурӯъ гарданд.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, ба “Озодагон” гуфт, ин тасмим ба дунболи сард омадани ҳаво ва ҳифзи сиҳҳати донишомӯзон гирифта шудааст. “Ин таътил ба боғчаҳои бачагона, мактабҳои миёна ва муассисаҳои олии Тоҷикистон дахл дорад. Дарсҳо мувофиқи ҷадвал аз даҳуми феврал оғоз меёбанд”,афзуд ӯ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)