“Ал-Ярмук”-и Яман далели бохташ ба “Равшан”-ро шарҳ дод
Дастаи футболи “ал-Ярмук”-и Яман сабаби нокомияш дар бозии 2 феврал бо Равшан”-и Тоҷикистонро шарҳ дода, номусоидии боду ҳавои кишвари мизбон ва ҳисоби зарбаи ҷаримавӣ бар муқобилашро далел овардааст.
Муҳаммад ан-Нафиъӣ, сардори дастаи “ал-Ярмук” дар суҳбат бо расонаҳои арабзабон гуфтааст, натиҷаи бозиро, ки то 70 дақиқаи аввал хуб арзёбӣ мешуд, ҳисоби зарбаи ҷаримавии ба нафъи “Равшан” ранги дигар бахшид. Ба гуфтаи ан-Нафиъӣ, ба инобат гирифтани ин зарбаи ҷаримавӣ ва берун кардани Иброҳим Ҷиҳома, ки ӯ бар асари бориши барфи зиёд лағжида дасташ ба тӯб расида буд, ноодилона мебошад.
Сардори дастаи “ал-Ярмук” изҳор доштааст, ки бозигарони тимаш чандин бор ҳамлаҳои пайдарпай ба дарвозаи ҳарифи худ анҷом дода буданд: “Вале, мутаассифона, номусоидии боду ҳаво ва бориши барфи зиёд, ки бозигарони мо ба ингуна ҳаво одат накардаанд, имкон надод, ҳадафи худро то охир расонанд.”
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ бо “ал-Ярмук”-и Яман, ки баъд аз зӯҳри дувуми феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 доир гардид, бо ҳисоби 2:1 пирӯз омад. Бозии “Равшан”-у “ал-Ярмук” қарор буд, соати 13:00 баргузор шавад, аммо барфи зиёд дар варзишгоҳ сабаб шуд, ки бозӣ як соат дертар оғоз гардад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)