Холиқов дар бораи фоидаи фурудгоҳ, қарз ва носкашию терминали нав
Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, имрӯз, 3-юми феврал бо хабарнигорон дар бораи фоидаи солона, муҳлати ба истифодадиҳии терминали нав, маоши кормандон, қарзи “Тоҷик Эйр” ва қоидавайронкуниҳо дар фурудгоҳ суҳбат кард.
Холиқов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанб 9-уми сентябр расман ифтитоҳ мешавад ва аз моҳи ноябр ба кор оғоз хоҳад кард: “Корҳои сохтмонии терминали нав 90 дарсад анҷом дода шуданд.”
Ин терминал дар асоси қарордод миёни Тоҷикистону Фаронса сохта мешавад, ки маблағи умумии сохтмон 39 миллион евроро ташкил намуда, аз он 20 миллионро фурудгоҳи Душанбе ва 19 миллионро ҷониби Фаронса пардохт мекунанд. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст.
Сохтмони терминали нав аз ҳисоби фурудгоҳ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Холиқов фурудгоҳи Душанбе соли 2013 73 миллион сомонӣ фоида гирифтааст. Ӯ аз пардохти маблағҳо аз ҷониби “Тоҷик Эйр” шикоят карда, гуфт, гарчанде бо қарори ҳукумат ба ин ширкат ҳамасола дар ҳаҷми 27 миллион сомонӣ тахфиф пешниҳод мешавад, ҳанӯз ҳам 60 миллион сомонӣ қарздор мондааст: “Сомон Эйр ҳам қарздор аст, аммо қарзҳояшро пардохта истодааст. Соли гузашта "Сомон Эйр" 42 миллион сомонӣ ва “Тоҷик Эйр” 3 миллион сомонӣ пардохт карда буд.”
Холиқов маоши миёнаи кормандони фурудгоҳро 2 ҳазору 888 сомонӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки кормандон тариқи озмун қабул мешаванд.
Дар мавриди қоидвайронкуниҳо дар фурудгоҳ Насрулло Сафаров, муовини сардори шуъбаи умури дохилии фурудгоҳ суҳбат карда, афзуд, ки соли 2013, 1247 санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 28 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима шудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)