Тоҷикписар дар яке аз пулисхонаҳои шаҳри Маскав худро овехтааст.
Дар ин бора Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши «Муҳоҷирини кории точик» ба хабарнигори масковии «Озодагон» хабар дод. Бино ба маълумоти ин манбаъ, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Бобоев, соли таваллудаш 1993, аз сўи пулис дар майдони Комсомол - назди 3 вокзали Маскав (Қазон, Ярославл ва Ленинград) боздошт шуда, барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ба қароргоҳи пулис оварда мешавад. Муфаттиши ШКД Александр Ларков ба писарамаки Муҳаммадӣ Бобоев -Хисрав Давлатов рўзи 6 август занг зада, дар хусуси боздошти ӯ ва бурда шуданаш ба пулис хабар дода, гуфтааст, ки Муҳаммадиро рўзи 26 июли соли 2011 ба ШКД оварда будаанд, аммо субҳи рўзи 27 июл ўро, ки гўё бо истифодаи ҷиҳози хоб (простин) худро овехта бошад, пайдо кардаанд. Ҳангоми муайян кардани шахсияти ҷасад Хисрав Давлатов дар бадани писарамакаш Муҳаммадӣ Бобоев ҷароҳатҳои зиёд, дар гулўяш хати борикро, ки аз овехта шуданаш бо банд ё сим далолат мекард, на ки аз простин, мушоҳида кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Хисрав Давлатов марги Муҳаммадиро маҷбурӣ хонда гуфтааст, писарамакаш наметавонист, худро бесабаб дар боздоштгоҳи пулис биовезад. Ҳамчунин, ҷунбиши «Муҳоҷирини кори тоҷик» гуфтааст, барои дақиқ кардани сабабу тариқаи марги мармузи ҷавонмарг, Муҳаммадӣ Бобоев талош хоҳад кард.{jathumbnail off}