Вазири нав аз "Роғун", саҳмияҳо ва се тақсим кардани "Барқи тоҷик" гуфт
Абдусалом Қурбонов, вазири нави молияи Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоли ҳозир 200 миллион сомонӣ пули саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар суратҳисоби бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Ҷаноби Қурбонов, ки дар нишасти хабарии 3 феврал сӯҳбат мекард, афзуд, соли гузашта аз ҳисоби фоизи маблағҳои Роғун дар бонкҳо 40,3 миллион сомонӣ фоида ба даст омадааст.
Ба қавли вазири нави молия, дар маҷмӯъ, маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияиҳои “Роғун” ҷамъ шудааст, 804 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 389 миллионаш барои корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи Роғун ва харидории таҷҳизот сарф шудаанд. Абдусалом Қурбонов гуфт, соли 2013, инчунин, барои нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби буҷа каме бештар аз 300 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд. “Дар нимаи дуюми соли гузашта мо бо Бонки ҷаҳонӣ як графикӣ махсуси маблағгузориро доштем, ки дар он ҷо бояд 356 миллион сомонӣ барои корҳои Роғун равона мекардем. Ба далели он ки корҳо начандон хуб ташкил карда шуд, мо дар ҳаҷми 315,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда тавонистему бас”,-афзуд ӯ.
Масъулони Вазорати молия мегӯянд, ба ин тартиб, маблағгузориҳо ба нерӯгоҳи “Роғун” дар мувофиқа ба “Бонки ҷаҳонӣ” сурат мегирад ва барои бештар маблағгузорӣ намудан, ташхиси ин нерӯгоҳро аз ҷониби бонки мазкур интизоранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистион, гуфта буд, қисмати асосии ташхиси нерӯгоҳи Роғун тобистони соли ҷорӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ба анҷом мерасад ва умедвор аст, хулосаи он мусбат хоҳад буд.
Ӯ дар нишасти хабарии худ гуфт, ҳоло дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” корҳои барқарорсозӣ идома доранд: “Баъд аз гирифтани хулосаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ин масъала пеши роҳамон кушода мешавад. Корҳо дар мавриди асосноккунии нерӯгоҳ миёни гурӯҳи кории Тоҷикистон ва он ширкатҳое, ки барои ин кор ҷалб шудаанд, хеле дар сатҳи баланд ҷараён дорад ва мо ба ин боварем, ки хулоса мусбат мешавад.”
Абдусалом Қурбонов, вазири нави молияи Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 3 феврал дар бораи тақсими "Барқи тоҷик" низ сӯҳбат кард. Ҷаноби Қурбонов гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи охири ҳукумат ин ширкат бояд ба се -- барқистеҳсолкунанда, барқтаъминкунанда ва фурӯши барқ тақсим мешавад. Ӯ афзуд, барои назорати вазъи молии ширкати Барқи тоҷик моҳи феврали соли ҷорӣ Шӯрои нозирон ҳам ташкил хоҳад шуд, ки раҳбарии онро нахуствазир бар ӯҳда мегирад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)