Банд мондани боз як гуруҳ аз мусофирони тоҷик дар “Манас”
Шоми 2 феврал боз як гурӯҳ аз мусофирони тоҷик, ки тавассути ҳавопаймои ширкати “Авиа Траффик Компани” аз Душанбе ба Бишкек парвоз карда буданд, дар фурудгоҳи “Манас” дармондаанд. Бархе аз ин мусофирон шоми бо “Озодагон” дар тамос шуда гуфтанд, ки касе ҳам иллати нигаҳдории онҳоро шарҳ намедиҳад.
Аз ин пештар, нимирӯзи 2 феврал, мақомоти фурудгоҳи “Манас” барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Бишкек ба Душанбе омаданӣ буданд, монеагузорӣ карданд. Дар як моҳи охир бо мушкил рӯбарӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дар фурудгоҳи “Манас” бори аввал нест. Шоми рӯзи 26 январ низ кормандони Хадамоти марзбонии Қирғизистон бидуни шарҳу тавзеҳот чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро тӯли чанд соат иҷоза надодаанд, ки бинои фурудгоҳро тарк кунанд.
Чунин бархӯрди номуносиб бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Манаси Бишкек дар пайи тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз сурат мегирад. Дар сар задани ин тирпаронӣ, ки аз ду тараф ҳашт захмӣ боқӣ гузошт, Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро гунаҳкор карда, далелҳои худро ҳам пеш оварданд. Ҳарчанд нишасти ахири ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо имзои протколе анҷом ёфт ва зоҳиран мушкили ду тараф ҳалл шуд, вале то ҳол Қирғизистон рафторашро тағйир надодааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)