Баъд аз нашри хабари даргузашти Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷик ва раҳбари маркази фарҳангии “Нур” дар Маскав, чанд номаи пурсӯзу гудоз ва таъзияномаи дӯстони ӯро дастрас кардем. Ҳоло яке аз ин номаҳоро, ки пажӯҳишгари тоҷик Сафар Абдуллоҳ аз Қазоқистон бароямон фиристодааст, чоп мекунем.
"Боз як хабари шум мисли тир ба ҷигарам зад. Боғшоҳ аз дӯстони даврони ҷавонӣ ва аз ҳамкорони хубам дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакии шаҳри Душанбе буд.
Дар тамоми даврони оворагиҳоямон ҷӯёи ҳоли якдигар будем. Боғшоҳ яке аз беҳтарин мутахассиси забонҳои помирӣ буд ва фолклори Вахонро гирдоварӣ карда буд. Бароям даргиликҳои вахониро мехонд ва ҷое, ки намефаҳмидам, шарҳ медод.
Соли 1994 ҳамроҳи устод Давлати Худоназар ва бародари азизам Саидшоҳ Акрамзода дар ҳаволии Маскав меҳмонаш будем. Як бор барои тоҷик буданаш аз дасти миллигароёни шовинист ва фашистмаром, ки "скинхедашон" гӯянд, зарбаи шадид хӯрд ва ба зӯр ҷон ба саломат бурд. Соли 2012 авохири баҳору авоили тобистон ман ӯро барои ширкат дар кори ҳамоиши байналмилалии "Забони порсӣ: дирӯз, имрӯз ва фардои он" ба шаҳри Олмотӣ (Алма-Ато) даъват кардам, ки ҳамроҳи саркорхонуми Молчанова омад ва суханронӣ кард.
Нақшаҳоеро барои ҳамкориҳои баъдӣ бо ҳам матраҳ намудем ва баррасӣ кардем. Ин бародари азиз мӯреро намеозурд, завқи зистан дошт ва... ҳоло намедонам, чӣ сарнавиште дорем, мо тоҷикон, ки фарзандони фарзона ва диловари мо дар ғарибӣ "ҷон ба сахтӣ" медиҳанд.
Дареғу сад дареғи Боғшоҳи азиз, ки нақшаҳои амалӣ нашудаашро ба гӯр бурд ва ҳама дӯстонашро дар сӯг нишонд! Ҷоят ҷаннат ва гӯрат пурнур бод, бародари азиз!"
Сафар АБДУЛЛОҲ,
Қазоқистон