Даргузашти донишманди тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек дар ғурбат
Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди 65-солаи тоҷик, ки раҳбарии маркази фарҳангии “Нур” дар Русияро бар ӯҳда дошт, шаби 2 феврал дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузаштааст. Оқои Лашкарбек ҳамзамон дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия кор мекард.
Наздикони ин донишманди тоҷик, ки ба таҳқиқи забонҳои шарқии эронӣ машғул буд, мегӯянд, ӯ ахиран қалбашро ҷарроҳӣ карда будааст. Боғшоҳи Лашкарбек соли 1949 дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба дунё омада, кишварро дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта, дар пайи нооромиҳои дохилӣ, тарк карда буд.
Вай аз ҷумлаи ҳомиёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия дониста мешуд, ки пайваста дар бораи вазъу ҳоли онҳо дар расонаҳо изҳори назар мекард.