Имтиҳонгирии якҷояи Абдураҳим Холиқов ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Раҳбарони Идораи дини ҳукумати Роғун ва Бохтар аз имтиҳони Абдураҳим Холиқов -- раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нагузашта, “барои такмили дониш ва хубтар аз бар намудани қонунҳо” ду ҳафта мӯҳлат гирифтаанд. Ин суолу ҷавоб рӯзи якуми феврал сурат гирифта, аз миёни муовинони раиси Кумита ва сардорони раёсатҳо бошад, 5 нафар аз мувофиқа гузаштаанд.
Ҷаноби Холиқов гуфтааст, интихоби кадрҳои соҳибтахассус барои татбиқи қонуни озодии виҷдон ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мусоидат хоҳанд кард. Ӯ онҳоеро, ки аз мувофиқа гузаштаанд, ба поквиҷдониву адолат ва хидмати софдилона даъват намудааст.
Рӯзи якуми феврал, инчунин, Абдураҳим Холиқов дар якҷоягӣ бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, чанде аз имомхатибон аз ноҳияи Ҷиргатолро мавриди санҷиш қарор дода, барои се нафари онҳо “баҳои панҷ” гузоштаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи дин мегӯяд, бо ин имомхатибон бештар дар боби шариат, қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар қонунҳо суолу ҷавоб шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)