Пирӯзии “Равшан” бар “ал-Ярмук”-и Яман бо ҳисоби 2:1
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ бо “ал-Ярмук”-и Яман, ки баъд аз зӯҳри дувуми феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 пирӯз омад. Ин бозӣ дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 доир гардида, ҳамаи голҳо дар нимаи дувуми бозӣ зада шуданд.
Ҷовидон Бобоев, сухангӯи дастаи “Равшан” баъд аз анҷоми бозӣ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ду голи дастаашонро Нӯъмонҷон Ҳакимов (аз пеналтӣ) ва легионер Соломон Течӣ ба ҳадаф расондаанд. Вай афзуд, ин пирӯзӣ бисёр ба мушкилӣ ба даст додааст. “Дар ҳоле ки аз як сӯ сардии ҳаво буду аз тарафи дигар барф дар варзишгоҳ. Бовар кунед, чаҳор трактор варзишгоҳро аз барф тоза карданд. Бозӣ намудан дар майдон осон набуд. Вале ин ҳама гузашт ва мо пирӯз омадем. Ин муҳим аст”,-илова кард ӯ.
Бозии “Равшан”-у “ал-Ярмук” қарор буд, соати 13:00 баргузор шавад. Аммо барфи зиёд дар варзишгоҳ сабаб шуд, ки бозӣ як соат дертар оғоз гардад. Ҷовидон Бобоев мегӯяд, бо вуҷуди сардии ҳаво садҳо мухлиси футбол, бахусус дастаи “Равшан”, дар варзишгоҳ ҳузур доштанд ва аз тими худ тарафдорӣ карданд.
ЯК РӮЗ ПЕШ...
Мухлисони тими футболи “Равшан”-и Кулоб ба хотири дастгирии молии дастаи дӯстдоштаашон билети бозии он бо “ал-Ярмук”-ро бо нархи даҳ баробар гаронтар аз арзиши аслияш харидорӣ кардаанд.
Тибқи иттилои торнамои расмии “Равшан”, ҳаводорони ин тим чиптаи бозии ин дастаро бо “ал-Ярмук”-и Яман, ки 10 сомонӣ арзиш дорад, бо қиммати 100 сомонӣ харидаанд. Торнамои дастаи “Равшан” менависад, ҳатто яке аз мухлисони ин тим як чиптаро ба қиммати 300 сомонӣ харидааст.
“Равшан”, ки қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон ба шумор меравад, ахиран аз мушкилоти молии худ хабар дода буд. Дилшод Шарифов, менеҷери даста, гуфта буд, эҳтимоли ширкат накардани ин тим дар бозиҳои мусобиқоти Тоҷикистон-2014 вуҷуд дорад: “Ҳоло маоши бозигарон аз соли гузашта пардохт нашудааст. Мо тасмим доштем, аз рӯзи 10 январ тамринро барои вохӯрӣ бо тими яманӣ шуруъ кунем. Вале ба хотири набудани маблағ худдорӣ кардем. Мо ҳатто наметавонем, барои легионерҳои худ аз Гана, чиптаи ҳавопаймо харем, то ба Тоҷикистон оянд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)