Оғози мурофиаи додгоҳии Мурсӣ дар Қоҳира
Мурофиаи додгоҳии сеюми Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи Миср, ки бо амри Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи артиши ин кишвар барканор ва ба додгоҳ кашида шудааст, дар Академияи пулиси Қоҳира оғоз гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои арабзабон, субҳи рӯзи 1 феврал Муҳаммад Мурсӣ ва чанд тан аз шахсиятҳои воломақоми ҳаракати “Бародарони мусулмон”, ки дар таҳрик ба қатли тазоҳургарони ҳодисаи Кохи раёсати ҷумҳури ин кишвар муттаҳам мешаванд, ба додгоҳ ҳозир карда шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки қарор буд, мурофиаи мазкур рӯзи 8 январи соли ҷорӣ баргузор шавад. Аммо ба далели гирдиҳамоии густардаи ҷонибдорони Мурсӣ, мақомот аз эҳзори ӯ ба додгоҳ эҳсоси хатар карда, мурофиаро ба таъхир гузоштанд.
Муҳаммад Мурсӣ ва бархе аз раҳбарони “Бародарони мусулмон” ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср ба иловаи иттиҳоми таҳрик ба қатли тазоҳургарони Кохи раёсат, инчунин дар ҳодисаи “фирор аз зиндон” дар водии Нетрун ва ҳамдастӣ бо гуруҳи “террористӣ“ низ айбдор мешаванд. Интизор меравад, Муҳаммад Мурсӣ рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ низ дар робита ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои “террористӣ”-ияш ба додгоҳ дубора эҳзор шавад.
Муҳаммад Мурсӣ бо шумули 14 тан аз шахсиятҳои воломақоми “Бародарони мусулмон” дар таҳрик ба қатли тазоҳургарон дар ҳодисаи Қасри раисиҷумҳур айбдор мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Мурсӣ ва ҳамроҳонаш худро бегуноҳ хонда, мегӯянд, ин қазия ангезаи сиёсӣ дорад ва худи Муҳаммад Мурсӣ ҳанӯз ҳам худро раисиҷумҳури қонунии Миср дониста, ҳангоми мурофиаи қаблӣ дар хитоб ба додраси парванда гуфта буд, “ман раисиҷумҳури қонунӣ ҳастам ва ту ноҳақ мебошӣ!” Гуфта мешавад, дар сурати таъйиди ин иттиҳом аз сӯи додгоҳ, Мурсӣ ва ҳамроҳонашро ҳукми абад таҳдид мекунад.
Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш барканор кард. Абдуфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шом 3-юми июни соли гузашта, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонда буд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ба ҷойи номуайян интиқол доданд.