Даҳҳо миллион қарзро кӣ бори мардум кард? Ишора ба “боло”
Сафинаи МАҲМАДАМИН
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ки сомонаи расмияшро аз боздошту муҷозоти муаллиму духтур барои гирифтани чандсад сомонӣ пора пур намудааст, то ҳол аз ҷазо гирифтани масъулини энергетика, ки даҳҳо миллион сомонӣ қарзро беасос бори мардум кардаанд, хабаре надодааст.
Ин ниҳод ниҳоят баъди навиштаҳои зиёди расонаҳо оиди беасос будани садҳо миллион сомонӣ, ки гӯиё мардум аз барқ қарздоранд, дар шабакаҳои барқи Душанбе санҷиш гузаронда, муайян намудааст, ки воқеан масъулини энергетика мардуми одии кишварро беасос қарздор кардаанд. Аз ҷумла, дар асл қарзи муштариёни барқ дар шаҳри Душанбе то 1 апрели соли 2013 ҳудуди 62,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо масъулини шабакаҳои барқи Душанбе дар ҳисоботҳои муҳосибияшон онро 120,6 миллион сомонӣ нишон додаанд. Қариб 60 миллион сомонӣ аз куҷо пайдо шуду ба куҷо рафтаст, номаълум...
Ин танҳо дар шаҳри Душанбе аст, ки ҳамаи муштариён ҳисобкунаки барқӣ доранду имкони фиреб карданашон камтар аст, ё умуман фиреб кардан имкон надорад. Бармеояд дар дигар минтақаҳои кишвар, ки ҳисобкунак надоранд, ҳаҷми фиребкориҳо ба маротиб зиёд аст.
Тибқи иттилои худи ширкати “Барқи тоҷик” аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми марти соли 2013 аз барқ 355,5 миллионсомонӣ қарздор мебошанд, ки ин ба ҳисоби миёна сари ҳар муштарӣ дар миёни мардум ҳудуди 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аммо пайдо кардани муштариёне, ки дар ин ҳаҷм қарздоранд, хеле мушкил аст, зеро мардум аз тарси қатъи барқ, ки дар шаҳрҳо манбаи ягонаи таъмини гармию рушноӣ аст, ҳаққи онро пеш аз ҳама мепардозанд.
Набиева Муниса, як сокини пойтахт, мегӯяд, сари вақт маблағи барқро пардохт мекунад: “Агар ҳаққи барқро як моҳ дертар супорем, нозирҳодарҳол симро мебуранд. Барои ин мо ҳаққи барқро мепардозем, чун газ нест ва тамоми корамон тариқи барқ сурат мегирад. Хонаро ҳам бо барқ гарм мекунем, хӯрокро мепазем ваҳатто рубучину шустушӯямон бо истифодаи барқ суратмегирад. Пули мегуфтагии нозиронро сари вақт месупорем. Худамон ҳисобаш намекунем, ақламон намегирад.”
Мавҷуда Алиева, сокини дигари Душанбе низ бо таъйиди ин гуфтаҳо, афзуд, ки дар бисёри мавридҳо, вақте нозирони барқ, соҳибони хонаҳоро сари вақт пайдо намекунанд, бе огоҳии пешакӣ қувваи барқро хомӯш мекунад: “Ин амал боиси аз кор баромадани асбобҳои рӯзгор, хусусан, яхдонҳо мегардад.”
Аммо Интизор Саидов, нозири барқ дар Душанбе назари дигардорад. Саидов аз гурези муштариён шикоят карда, таъкид намуд, “ҳолатҳое ҳам рух додааст,ки ҳатто дари хонаҳояшонро боз намекунанд. Мо ӯҳдадорем то 3 маротиба ба хонаҳояшон равем,аммо баъд бе ягон ҷангу ҷидол барқро хомӯш мекунем. Дар ин ҳолатҳо ҳастанд шаҳрвандоне, ки моро хуб қабул намекунанд, аммо агар хуб андеша кунанд, мо гуноҳ надорем. Ҳар чӣ қонун талаб кунад, мо ҳамонро иҷро мекунем.”
Ба он, ки нозирони барқ қонунро пешаи фаъолияташон қарор медиҳанд, ҳатто худи мудирияти “Барқи тоҷик” бовар надорад. Абдулло Ёров, собиқ раиси “Барқи тоҷик”, ки тобистони соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод, қаблан дасти нопоки нозирони барқро сарчашмаи ҳама гуна мушкилоти молию вазъи бади ҷамъоварии маблағ аз мардум арзёбӣ карда буд.
Бархе нозирон аз мардум маблағро ҷамъоварӣ мекунанд, аммо на ҳамаашро ба хазина месупоранд. Аз ҷумла, ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи тафтишот алайҳи як нозири барқ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки аз 620 муштарӣ ба миқдори 49 ҳазору 101-сомонӣ ҳаққи барқро ҷамъ намуда, аз ин миқдор 44 ҳазору 883-сомониро ба хазина супорида, боқимонда 4 ҳазору 218-сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
Дар робита ба фиребкории нозирон Нодир Иброҳимзода, сокини Душанбе мегӯяд, хати барқи нозирро, ки 14-уми январ оварда шудааст, бо нишондодҳои ҳисобкунакаш муқоиса намуд ва дарёфт, ки нозири барқ бар хилофи нишондодҳои ҳисобкунакаш наздики 5 ҳазор киловатро барзиёд ба дӯши ӯ бор кардааст. Феълан, ҳар киловат қувваи барқ ба мардум бо арзиши 11 дирам фурӯхта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз нозирон розӣ нестанд, ки тамоми бадбахтиҳои энергетикаи Тоҷикистонро ба дӯши онҳо мезананд. Як масъул, ки дар дохили низоми энергетика кор мекунаду нахост, аз ӯ ном бурда, шавад, гуфт: “Нозирон дар низоми энергетикаи кишвар оҷизтарин нафаронанд. Дуруст аст, ки баъзан ба фиребкорӣ роҳ медиҳанд, аммо аз он танҳо қисми камаш ба кисаи худашон меравад. Боқимонда ба мақомоти болотар равона мешавад, зеро бе ҳимоят дар боло фиребкорҳо оянда надоранд.”
Ин аст, ки мардум феълан аз мақомоти тафтишотӣ назорати пурзӯртари низоми энергетика ва муҷозоти дастандаркоронро интизоранд. Аммо мақомот ба ҷои ислоҳи ин камбудиҳо роҳи дигари беҳтар намудани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик”-ро пеш гирифтаанд. Онҳо эълон карданд, ки ояндаи наздик нархи барқ дар кишвар боло меравад.