VIDEO: Норозигии Туркманистон аз сӯҳбатҳои Амонулло Ҳукуматулло
Вазорати умури хориҷии Туркманистон бо пахши иттилоияе алайҳи изҳороти Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар бораи роҳи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон эътироз баён карда, гуфтаҳои Ҳукумовро барои тарҳи минтақаӣ зараровар хондааст.
Ҳукумов дар нишасти ахири хабарияш гуфт, бо Кобул дар мавриди хатти роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон тариқи қаламрави Афғонистон ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамагӣ 200 километр дарозӣ хоҳад дошт. Ӯ изҳор дошт, “хатсайри пешниҳодкардаи Кобул хеле дароз буд ва мо роҳеро пешниҳод намудем, ки дар қаламрави Афғонистон каме бештар аз 200 километр дарозӣ хоҳад дошт.”
Аммо Ашқобод аз изҳороти Ҳукумов нигаронӣ карда, таъкид месозад, ки тибқи меъёрҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои бисёрҷониба бояд дар асоси иштироки баробари ҳамаи тарафҳо таҳияю татбиқ шаванд. Созишнома дар бораи бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 зимни таҷлили Наврӯз дар Ашқобод аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расида буд. Роҳи мазкур дар шароити монеасозиҳои Узбакистон барои Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)