Ҳамлаи дигарбораи занони "исёнгар" ба дафтари Зоиров (ВИДЕО)
Як гуруҳ аз занони, ба истилоҳ, исёнгар рӯзи 1 феврал дигарбора ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ҳозир шуда, зидди раҳбари ҳизб Раҳматилло Зоиров шиор додаанд. Агарчӣ дар дохили дафтари ҳизб касе набудаасту дари он баста.
Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва яке аз масъулони Ҳизби сотсиал-демократ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳамла”-и занон ба дафтари онҳо беҳуда набуд, зеро қарор буд дар ин рӯз ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ баргузор ва баъзе аз масоили муҳими ҳизбӣ баррасӣ гардад. “Азбаски телефонҳои моро гӯш мекунанд, ин занҳо аз ҷаласа огоҳ шуда, ба дафтари ҲСДТ ҳозир шудаанд”,-афзуд ӯ.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, рӯзи 31 январ ба далели беморияш ҷаласаи Шӯрои сиёсиро ба рӯзи дигар гузошта, берун аз Душанбе қарор доштааст. “Ин сафар на нишасти матбуотӣ, балки ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ, таъин шуда, дар он “Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016”, масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҲСДТ барои соли 2014 ва чанд масъалаи дигар баррасӣ мешуд. Аммо, дирӯз, яъне 31.01.2014 бо сабаби ба ман лозим шудани ёрии тиббӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ мавқуф гузошта шуд”,-гуфт ӯ.
Зоиров дар идома мегӯяд, дар бораи тазоҳуроти дигарбораи занони исёнгар аз ҳамсояҳои худ огоҳ шуда, намояндагони ҳизбро дар ҷараён гузоштааст. Ба қавли ӯ, баъдан намояндагони ҳизб ба пулис хабар додаанд ва маъмурин ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 5 нафарро барои бозпурсӣ бурдаанд. Раиси ҲСДТ афзуд, баъд аз бозпурсӣ ин занҳо раҳо шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта низ ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)