Ҷилавгирии мақомот аз гуруснанишинии волидони Ҳамза Икромзода
Мақомоти амниятӣ ва пулис, имрӯз, 1-уми феврал ба хонаи волидони Ҳамза Икромзода, ки ният доштанд, аз саоти 10-и имрӯз дар назди маҳбасхонаи 1-и Душанбе гуруснанишинӣ баргузор кунанд, ҳозир шуда, монеи гуруснанишинияшон гардидаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза Икромзода хабар дода, афзуд, ки феълан кормандони мақомот бо волидонаш суҳбат доранд. Хонаводаи Икромзода шарт гузоштаанд, дар сурате аз нияташон барои гуруснанишинӣ даст мекашанд, ки мақомот шоҳидони шиканҷаи Ҳамзаро аз ШИЗО озод кунанд.
Хонаводаи Икромзода мегӯяд, қариб ним моҳ аст, ки шоҳидони шиканҷаи Икромзода, Давлатёр Қурбонов ва Раҳимов Бобоназар дар ШИЗО қарор доранд. Наздикони Икромзода муътақиданд, ин иқдом як фишорест, ки ҳадафи он дасткашии маҳбусон аз шоҳидӣ мебошад.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли 2012 дар маҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмол ва бандро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот борҳо онро рад кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)