Келини Қозидавлат Қоимдодов 12,5 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муштарӣ Муборакшоева, келини Қозидавлат Қоимдодов -- сафири Тоҷикистон дар Белорусро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Р. Исмоилов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Муборакшоева аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, яъне барои қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон (моддаи 200, қисми 4) ва талош барои аз марз гузарондани 2,5 кило ҳероин (моддаи 32, қисми 3) маҳкум шудааст. Ҷаноби Исмоилов гуфт, ҳукми Муборакшоеваро рӯзи 21 январ эълон кардаанд.
Муштарӣ Муборакшоева рӯзи 16 сентябри соли 2013 ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қоимдодов, писари сафири Тоҷикистон дар Беларус, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали боздошти онҳо гуфтанд, ки писар ва келини Қоимдодов дар интиқоли дуним кило ҳероин муттаҳам мешаванд. Вале баъдан писари сафирро раҳо карда, эълон намуданд, ки 2,5 кило ҳероини ёфтшуда ба Муборакшоева тааллуқ дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)