Майдамоҳ, сокини Душанбе, худу се кӯдакашро оташ зад
Майдамоҳ Умарова, сокини кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе, худу се кӯдакашро бо бензин оташ задааст. Оҷонси иттилоотии “Азия-Плюс” менависад, ин ҳодиса шаби 28 январи соли ҷорӣ иттифоқ уфтода, баъд аз як рӯзи он Майдамоҳ ҷон бохтааст ва кӯдаконаш дар бемористонанд.
Кӯдаки аз ҳама хурдии Майдамоҳ нӯҳ моҳ доштааст. Ба хабари “Азия-Плюс”, Умарова корманди Донигшгоҳи техникии Тоҷикистон буда, баъд аз муноқиша бо пайвандонаш ба худсӯзӣ даст задааст. Табибон гуфтаанд, духтари калонии Майдамоҳ нӯҳ сол дошта, вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешавад.
Ҳамсоягони Майдамоҳ Умарова гуфтаанд, ӯ бо пайвандону шавҳараш мушкил дошт ва инчунин, масъалаи қарз ӯро азият медод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)