Ҷилавгирӣ аз фурӯши навзод дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини Ваҳдат талош кардааст, ба ивази 2 ҳазор рубли русӣ ба истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯдаки навзодро фурӯшад.
Ба иттилои манбаъ зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзоева Шаҳло Ахмедовна соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 6-уми январи соли 2014 дар кӯчаи Неъмат Қарабоеваи пойтахт бо маслиҳати пешакӣ кӯдаки навзоди шаҳрванд Қ.Н., соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 2000 рубли Федератсияи Россия ба шаҳрванд Қурбонова Рӯзигул Ғаниевна соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе фурӯхтааст.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан тифли навзод баргардонида шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.