Чемпионати Тоҷикистон-2014 бидуни клуби ССКА “Помир”?
Бошгоҳи ССКА “Помир”-и Душанбе шояд аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими 2014 даст бикашад.
Торнамои Федератсии футболи Тоҷикистон ба нақл аз як манбаи худ менависад, ки раҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар мехоҳад, ба таҷдиди клуби ССКА “Помир” иқдом намояд ва аз ин рӯ дар мавсими ҷорӣ он дар чемпионати ҷумҳурӣ иштирок намекунад.
“Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ҳоло зери мактуб дар мавриди ширкат накардани даста имзо нагузоштааст. Умед мекунем, тимро пароканда намекунанд”,-гуфтааст манбаи ФФТ.
Бошгоҳи футболи ССКА “Помир” бо ташаббуси Шералӣ Хайруллоев, вазири пешини мудофиа таъсис ёфта буд.
Солҳои 2000 ва 2002 клуб дар чемпионати Тоҷикистон ҷои чорумро соҳиб шуд. Соли 2001 нишони биринҷии мусобиқаро гирифт. Дар мавсими сипаришуда, яке аз зинаҳои охирро ишғол намуд.