Шукурзода ва Усмонов: "ТОҶИКИСТОН аст, на ТОҶИСТОН" (ВИДЕО)
Мирзо Шукурзода, донишманди тоҷик, дар маҳфили “Тоҷикон дар таҳқиқи олимони Шарқу Ғарб”, ки аз сӯи Бунёди Муколамаи тамаддунҳо рӯзи 30 январ баргузор шуд, дар бораи таърихи тоҷикон ва забони тоҷикӣ изҳори назар кард. Оқои Шукурзода гуфт, олимони ҷаҳон дар таҳқиқоти худ нисбат ба забон ва миллати тоҷикон хеле мунсифона рафтор кардаанд.
“МО НИСБАТ БА ХУД БЕРАҲМЕМ”
“Вале масъала ин аст, ки худи тоҷикон ба интиқоди худамон даст мезананд. Борҳо исбот ҳам шуд, ки мо нисбат ба худ хеле сахтдил, бераҳм буда, хислати бегонанавозӣ дорем”,-илова кард ӯ. Мирзо Шукурзода мегӯяд, олимони ҷаҳон дар муқоиса ба таърихи узбакҳову қирғизҳо ва ё русҳо, бештар атрофи миллат ва вожаи тоҷик таҳқиқ анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, шояд хидмати таърихиву фарҳангии тоҷикон боис ба ин таваҷҷӯҳи донишмандони ҷаҳонӣ гаштааст.
ТОҶИКИСТОН Ё ТОҶИСТОН?
Дар идомаи маҳфил иштирокдорон атрофи пешниҳодҳо дар бораи ин ки аз ин ба баъд вожаи тоҷикон ба “тоҷӣ” ва Тоҷикистон ба “Тоҷистон” табдил дода шавад, низ сӯҳбат карданд. Мирзо Шукурзода гуфт, комилан зидди чунин пешниҳод аст: “Ман ҳеч гоҳ тарафдори чунин пешниҳод нахоҳам буд. Он дӯстоне, ки чунин пешниҳод доштанд, як каме мариз ҳастанд. Албатта, узр мехоҳам барои ин суханон. Вале Тоҷикистону тоҷикон набояд иваз шавад.”
ЭЪТИРОЗИ ИБРОҲИМ УСМОНОВ
Дар ҳамин ҳол, пофессор Иброҳим Усмонов ҳам изҳори назар карда гуфт, Садриддин Айнӣ дар пажӯҳиши худ нисбат ба вожаи тоҷик таъкид кардааст, ки ин калима аз “тоҷ” ва “ик” иборат аст, ки “ик” инҷо пасванди навозишист: “Акнун имрӯз ду тоҷике, ки аз Тоҷикистон берун баромадааст, мегӯяд, мо бояд Тоҷистону тоҷӣ бигӯем. Ин нодуруст аст. Ҳадди ақал дар нисбат ба тадқиқи он бузургоне, ки ба ин кор даст задаанд.”
ТОҶИКӢ ГӮЕМ, Ё ТОҶИКИВУ ФОРСӢ?
Донишманди тоҷик Мирзо Шукурзода дар идомаи маҳфил ба суолҳо дар бораи он ки номи забони тоҷикиро тоҷикӣ бигӯем ва ё форсӣ низ посух дод. Оқои Шукурзода гуфт, ба андешаи ӯ, “беҳтар аст, бигӯянд забони тоҷикиву форсӣ ва ё форсию тоҷикӣ.” Тафсилоти сӯҳбатҳои Мирзо Шукурзодаро дар ин навори видео бубинед: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)