VIDEO: Парванда алайҳи Индиго ва кори ғайриқонунии Сомон Эйр
Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон барои нақзи қонун дар бораи реклама алайҳи ширкати мобилии “Индиго Тоҷикистон”, ки ҳоло зери тамғаи TCELL кор мекунад, парванда оғоз намуда, онро дар ҳаҷми 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима кардааст.
Абдусамад Раҷабов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 31 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Индиго дар соли гузашта зимни муаррифии хизматрасонию тарифҳояш аз калимаи “аввалин” истифода кардааст. Дар ҳоле ки тибқи қонунгузорӣ дар бораи реклама аввалину беҳтарин муаррифӣ кардани маҳсулот манъ аст.
Раҷабов, инчунин, боло бурдани нархи билети ширкати “Сомон Эйр”-ро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд ғайриқонунӣ гуфта, таъкид намуд, ки ширкатҳои ҳавоӣ бояд нархҳояшонро дар хатсайрҳои дохилӣ бо ин ниҳод мувофиқа кунанд, аммо "Сомон Эйр" ин корро накардааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати “Сомон Эйр” дар пайи баста шудани роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ нархи билет дар ин самт аз 320 сомонӣ то ба 531 сомонӣ боло бурд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)