Дастури Раҳмон ба вазири нав дар мавриди “Тоҷикатлас”-и баҳсӣ
Шавкат Бобоев, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, аз қатъи фаъолияти 113 корхонаи саноатӣ дар соли гузашта хабар дода, инчунин, аз фаъолияти “Тоҷикатлас” интиқод кард. Бобоев рӯзи 31 январ дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон дар шарҳи аз кор мондани 113 корхонаи саноатӣ дар соли гузашта гуфт, аксарашон ба далели мушкили молӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд.
“Баъзеҳо аз бонк қарздор буданд ва саривақт натавонистанд, онро баргардонанд. Қисми дигар пойбанди маҳсулоти хориҷӣ шуданд ва бархе бо технологияи кӯҳна фаъолият карда, ба таҷҳизоти муосир дастрасӣ надоштанд”,-афзуд вазир.
Ҷаноби Бобоев инчунин аз кори заифи “Тоҷикатлас” ва “Хуҷандатлас” интиқод намуд. Ӯ афзуд, дар ҷаласаи ахири ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти сусти “Тоҷикатлас” интиқод карда, барои ҷоннок намудани кори он супориш додааст. Вазир таъкид кард, дар ин корхона дар гузашта корҳои ғайриқонунӣ сурат мегирифтаанд, аз ҷумла ҳангоми хусусигардонияш ва афзуд, “мо ҳамаро таҳлил карда, барои густариши фаъолияти “Тоҷикатлас” чораҷӯӣ мекунем.”
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди фасод, Зайд Саидов -- соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро дар кашида гирифтани “Тоҷикатлас” аз соҳибкор Низомхон Ҷӯраев муттаҳам мекард. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд дар додгоҳ шоҳидӣ дод, ки “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов.
Ба иттилои мақомот, ин корхона ахиран ба шаҳрванди Эрон Алиасғари Шеърдӯст фурӯхта шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)