22 нафар аз оилаҳои камбизоат дар «Кайҳон» истироҳат карданд
Фароғатгоҳи кӯдаконаи «Кайҳон»-и фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, воқеъ дар дараи хушманзараи Ромит имсол дар се баст фаъолият намуд.
Тавре аз фурудгоҳи Душанбе иттилоъ доданд, барои омода намудани фароғатгоҳ биноҳои истиқоматӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ, ҳавзи шиновариро аз таъмири хушсифат бароварда, ҳайати мураббиёни варзидаро ба кори мавсимӣ қабул намуд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки имсол дар маҷмӯъ 490 нафар ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Роҳбарияти фурудгоҳ ва иттифоқи касабаи кормандони ҳавопаймоӣ тасим гирифтанд дар қатори фарзандони кормандони соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро низ ба истироҳатгоҳ ҷалб намоянд. Ба гуфтаи манбаъ, дар басти аввал 10 нафар аз тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор ва дар басти сеюм 22 нафар аз оилаҳои камбизоати шаҳри Кӯлоб, ки дар клуби варзишии «Ҷавонмардон» машқ мекунанд онҳо ба фароғатгоҳ ҷалб карда шуданд. Мудири клуби «Ҷавонмардон» устоди варзиши ҷумҳурӣ Азимов Қудратулло иброз дошт, ки истироҳати варзишгарони ҷавон хуб гузашт ва месазад, ки миннатдори худро ба роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе ва Иттифоқи касабаи кормандони ҳавопаймоӣ баён намоям. Фароғатгоҳи кӯдаконаи «Кайҳон» дар мавсим 12 нафар муаллимони мактаби рақами 3-и шаҳри Ваҳдатро низ бо кори муваққатӣ таъмин намуд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}