Созиши Муродалӣ Алимардон бо Тоқон Мамитов дар Бишкек
Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои қирғизаш Тоқон Мамитов дар Бишкек санадеро имзо кардааст, ки тибқи он кори комиссияҳои ҳукуматӣ дар мавриди марз ҷоннок мешавад. Ин гуфтушунид дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча”, дар канори Бишкек, гузашта, ба ҳайати Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ, роҳбарони Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дабири Шӯрои амният шомил буданд.
Бар асоси иттилоияи мақомоти қирғиз, ҷонибҳо ба созиш омадаанд, миёнаи моҳи феврал мулоқоти дигарро баргузор намоянд, ки ин дафъа бевосита дар марз сурат мегирад. Ҷонибҳо ваъда додаанд, нерӯҳои иловагие, ки баъд аз тирпарронии 11 январ ба марз кашида шуданд, берун хоҳанд овард. Аммо дар ин иттилоия дар бораи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ ва шарҳи тирпарронии 11 январ чизе гуфта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки субҳи 31 январ Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон дар сӯҳбат бо хабарнигорони қирғиз эълон карда, ки Душанбе мухолифи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ нест. Сохтмони ин роҳи баҳсбарангез, ки аз қаламрави Тоҷикистон ҳам мегузарад, рӯзи 11 январ ба тирпаронии марзбонҳои тоҷику қирғиз сабаб шуда буд.
Ба қавли Тоқон Мамитов, “мо ин мавзӯъро бо ҳайати Тоҷикистон дар миён гузоштем ва Муродалӣ Алимардон гуфт, Тоҷикистон мухолифи сохтмони ин роҳ нест.” Аммо оқои Мамитов аз шарҳи тирпаронии 11 январ дар марз худдорӣ карда ва ҳам нагуфтааст, ки Тоҷикистон бар ивази чӣ талабе ба идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез ризоият додааст. Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январ дар Исфара сурат гирифт, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад.
Дар сурати ризояити Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт. Аммо то ҳанӯз рӯшан нест, ки ҷониби Тоҷикистон оё як чунин талабе дошта ва дар иваз чӣ посухе гирифтааст.