Ҷойивазкунии Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва Шаҳло Мӯсоева
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз мақоми раиси телевизиони “Пойтахт” истеъфо дода буд, раҳбари Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе таъин шудааст. Оқои Абдуқаҳҳор дар ин симмат Шаҳло Мӯсоеваро иваз кард, ки чанде пештар ба ҷои ӯ раҳбари ТВ “Пойтахт” шуд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, "дирӯз (30 январ) бо раиси шаҳр мулоқот доштам. Бароям чанд вазифа, аз ҷумла кор дар Маҷлиси Миллӣ ва нашрияи "Паёми Душанбе" пешниҳод карданд, ки аз миёнашон Идораи фарҳанги ҳукумати Душанберо интихоб кардам. Аммо ман аз ҳамон позитсияҳои пешинаам даст накашидам. Дар фикри таъсиси як телевизиони моҳворавии мустақил ҳастам. Айни ҳол дар Идораи фарҳанг барои муаррифӣ омадаам."
Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 27 январ аз мақоми худ истеъфо дода ва дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ин тасмим аз ҷониби худаш гирифта шудааст ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Телевизиони “Пойтахт” шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ба шумор рафта, дар аҳди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки охирҳои соли 2012 ба ин мақом таъин шуд, барномаҳои худро 20 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо мекард. Аммо пас аз чанде, бахусус баъд аз пахши навор дар бораи Гулрухсор Сафиева, аз фаъолият бозмонд ва дуюмбора танҳо бо пахши 8-соатаи барномаҳо фаъол шуд.
Бо ин ҳол, гуфта мешавад, истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар пайи “якдигарнофаҳмиҳо” бо шаҳрдорӣ дар мавриди фаъолияти ин шабака сурат гирифтааст, ки тибқи хостаи шаҳрдорӣ ин шабака бояд соҳавӣ мешуд, аммо Абдуқаҳҳор ба он розӣ нашудааст. Феълан вазифаи Абдуқодири Абдқаҳҳорро Шаҳло Мӯсоева -- мудири собиқи Идораи фарҳанги ҳукумати Душанбе иҷро мекунад.
Телевизиони “Пойтахт” соли 1996 таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Дар аввал раҳбарии ин телевизионро Раҳмон Остон бар ӯҳда дошт ва соли 2012 курсияшро ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор дод. Оқои Абдуқаҳҳор то замони омаданаш ба телевизиони “Пойтахт” ба ҳайси директори Радиои Тоҷикистон кор мекард ва дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар барномаи “Гурӯғлӣ”-ро бар ӯҳда дошт. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)