"Қирғизистон сохтмони роҳи Кӯктош-Тамдиқро қатъ намекунад"
Қирғизистон тасмим надорад, ки сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ дар вилояти Бодкандро қатъ намояд. Ин маълумотро расонаҳои қирғизӣ бо такя ба дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон дар посух ба иттилои ВАО-и Тоҷикистон паҳн кардааст, ки ахиран аз мутавақиф намудани сохтмони роҳ хабар доданд.
Манбаъ менависад, ҳукумати Қирғизистон сабаби фаъол набудани техникаи роҳсозиро ба он рабт додааст, ки сохтмони роҳ ба қитъаи дарозияш 1,2 километр расидааст, ки онҷо бояд корҳои парма ва таркиш гузаронда шавад.
Сохтмони ин роҳ, ки қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангез мегузарад, 11 январ сабаби тирпарронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз гардид. Шараф Файзуллоев, сардори сарситоди қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шарҳи иллати сар задани ин тирпаронӣ гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон ба дастури ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод”.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи генерал Файзуллоев, бар асоси протоколе, ки соли 2008 миёни мақомоти тоҷику қирғиз омода шудааст, ҷонибҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези марз, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, набояд сохтмоне ба роҳ бимонанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)