Менглиев дар бораи шиканҷа, издивоҷ бо хориҷиҳо ва номаи Ёқуб Салимов
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз 30 январ зимни нишасти матбуотӣ мавҷудияти шиканҷаро дар зиндонҳои кишвар инкор накард. Ӯ инчунин аз сангинтар шудани муҷозот барои шиканҷа, никоҳи тоҷикон бо хориҷиён, афзоиши талоқ ва татбиқи ҳукми қатл дар Тоҷикистон суҳбат намуд.
Менглиев баъди изҳороти муовинаш, Ҳаким Мирсайев, ки гуфт, соли 2013 дар зиндонҳои кишвар ягон ҳолати шиканҷа расман сабт нашудааст, афзуд: “Мо наметавонем вуҷуд доштани шиканҷаро рад кунем. Чунин ҳолатҳо ҳастанд ва оиди ҳар як ҳолат тафтишот бурда мешавад, ки додситон машғул аст. Ҳисобот дар асоси мониторинг ва мушоҳидаҳои мо омода шудааст. Ҳар матлабе, ки оид ба шиканҷа дар расонаҳо нашр мешавад мо ҳатман пайгирӣ мекунем.”
Вазир таъкид намуд, ки бо иловаи тағйирот дар моддаи 143-и Кодекси ҷиноятӣ, мувофиқи талаботи байналхалқӣ дар Тоҷикистон низ ҷазои касоне, ки шиканҷаро истифода мебаранд, сахттар хохад шуд: “Аммо танҳо бо ҷазо додан мушкил ҳал намешавад ва ҷинояти истифодаи шиканҷа аз миён намеравад”.
Дар мавриди ҳукми қатл вазири адлия гуфт, ки феълан панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд, аммо амалан он татбиқ намешавад: “Ҳоло комиссияи махсус дар мавриди лағви ҳукми қатл аз қонунгузории ҷумҳурӣ кор мебарад. Дар ҷумҳурӣ бештар аз 50 нафар ба таври якумра аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шароити нигаҳдории онҳо ба талаботи қонунгузорӣ мувофик аст. Инчунин боз дар ноҳияи Вахдат як маҳбасхонаи дигар сохта мешавад”.
Ӯ афзуд, ки ки айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон 320 шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд: “Аз ин миқдор 4 нафар шахрвандони Чин, 28 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 92 нафар Узбакистон ва 122 нафар шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.”
Менглиев дар мавриди номаи маҳбус Ёқуб Салимов, собиқ фармондеҳи фронти халқӣ, ки зимни номае аз мақомот иҷозаи иштирок дар ҷанозаи модараш хоста буд, гуфт, ки маълумоте дар бораи ин нома надорад.
Оқои Менглиев инчунин аз афзоиши талоқ дар кишвар хабар дода, илова кард, ки соли 2013, 8 ҳазору 194 сабти бекоркунии никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудаст: “Дар ин давра бастани ақди никоҳ бошад 97 ҳазору 471 ҳолат сабт гардидааст."
Вазир аз ҷумла изҳор дошт, ки тайи соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон бо 137 атбои хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд: “Ақди никоҳ бештар бо шаҳрвандони Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон сабт шудааст. Издивоҷи тоҷикистонӣ бо шаҳрванди Чин ҳамагӣ дар як ҳолат сабт шудааст. Дар мавриди талоқи ин оилаҳо ягон иттилоъ надорем”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)