(VIDEO) Рустам Менглиев: “Марги Умедҷон Тоҷиев таҳқиқ мешавад”
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, марги Умедҷон Тоҷиев -- узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз хулосаи ташхиси коршиносон эълон нашудааст.
Оқои Менглиев, ки дар нишасти хабарии 30 январ сӯҳбат мекард, гуфт, Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққат буд ва баробари фаҳмидани он ки ӯ бемор аст, ба табобатхонаи муассисаи ислоҳӣ интиқол додаанд. “Мо табобати ӯро ба ӯҳда гирифта будем”,-афзуд вазири адлия.
Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷон дод. Ӯ ҳангоми партофтан аз ошёнаи севум сахт зарб хӯрда буд ва ҳатто барои мулоқот бо вакили мудофеаш рӯи занбар меомад. Бо вуҷуди он ки мудофеашон борҳо аз мақомот интиқоли ӯ ба бемористон ва табобатшро талаб карда буданд, вале ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфт ва дар он ҷо фавтид.
Дар нишасти хабарии 30 январ то омадани Рустам Менглиев барои сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон, муовини ӯ Ҳаким Мирсайев натиҷаи кори ниҳодашон дар соли гузаштаро қироат мекард. Оқои Мирсайев дар ҳисоботи худ гуфт, дар тӯли соли 2013 расман ягон шиканҷа дар зиндонҳои кишвар сабт нашудааст. Ӯ илова кард, “мо наметавонем вуҷуд доштани шиканҷаро рад кунем. Чунин ҳолатҳо ҳастанд ва оид ба ҳар як ҳолат тафтишот бурда мешавад, ки додситон машғул аст. Ҳисобот дар асоси мониторинг ва мушоҳидаҳои мо омода шудааст. Ҳар матлабе, ки оид ба шиканҷа дар расонаҳо нашр мешавад, мо ҳатман пайгирӣ мекунем.”