Мавҷи дуюми буҳрони иқтисодии ҷаҳон ба Тоҷикистон таъсир намекунад
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд мавҷи дуюми буҳрони иқтисодии дарпешистода ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард.
«Мо нишондодҳои иқтисодии кишварҳоеро, ки ба онҳо муносибати зичи иктисодӣ дорем, аз қабили Чин, Русия, Туркия ва Эрон пайваста мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳем. Натиҷаи таҳлилҳо нишон доданд, ки мавҷи дуюми буҳрон ба иқтисодиёти кишвари мо таъсиргузор нест». Ин нуктаро Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо дар посух ба суоли хабарнигори «Озодагон» иброз дошт. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд дар сурати сар задании мавҷи дуюми буҳрони иқтисодӣ, ки ҳоло эҳтимоли ба миён омаданаш дар Амрикову Аврупо зиёд аст, ба Тоҷикистон низ таъсиргузор хоҳад буд. Ба иттилои таҳлилгарон вақте Амрико ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор мешавад, ҳаҷми кӯмакпулиҳои солонае, ки аз ин кишвар ва дигар давлатҳои пешрафта ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, коҳиш хоҳад ёфт. Гуфтанист, ҳаҷми солонаи кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, ба қавли коршиносон, дар сурати сар задани буҳрон қимати маҳсулоти содиротии асосии Тоҷикистон- пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ боз арзонтар мешавад, ки ин ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. {jathumbnail off}