Рақиби “Равшан”-и Кӯлоб дар Яман бе варзишгоҳ мондааст
Тими футболи “Ал-Ярмук”-и Яман, ки қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ бо дастаи “Равшан”-и Тоҷикистон барои ҷоми АФК-2014 қувваозмоӣ кунад, мегӯяд, мақомоти кишвараш барои тамрин майдон намедиҳад.
Алӣ Баҳааҷ, менеҷери дастаи “Ал-Ярмук”, дар суҳбат бо расонаҳои хабарии арабзабон гуфтааст, бо дастури Ҳамид Шайбонӣ, дабири кулли Федератсияи футболи Яман, дари варзишгоҳои ин кишвар ба рӯи бозигарони тимаш баста шудааст.
Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки то вохӯрии навбатии ин тим бо дастаи Равшани Тоҷикистон рӯзҳои ангуштшумор мондааст, ҳанӯз “ал-Ярмук” майдоне надорад, ки тамрин гузаронад. Ба қавли Алӣ Баҳааҷ, дарбонҳои варзишгоҳи “Мурайсӣ”-и Яман нагузоштаанд, бозигарони “ал-Ярмук” дар ин майдон омодагӣ бинанд: “Онҳо мегӯянд, аз дабири кулли Федератсияи футбол дастур гирифтаанд, ки бозигарони ин тимро ба майдон воридшавӣ намонанд.”
Алӣ Баҳааҷ гуфтааст, ба иловаи ин ҳама чанд бозигари “ал-Ярмук”, аз ҷумла Сауд ас-Сиводӣ, дарвозабони даста дар вохӯриҳои гузашта бо тимҳои дигар захм бардоштаанд, ки ҳанӯз пурра сиҳат нашудааст. Аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда, Марван Басабас, дарвозабони “Ал-Ярмук” бар ин аст, ки дар вохӯрӣ пирӯзиро ба даст хоҳанд овард: “Бо вуҷуди ин ҳама монеагузориҳои мақомот, тим ҳудуди 70% барои қувваозмоӣ омода мебошад ва бо тамоми нерӯ ба майдон хоҳад баромад.”
Дидори “Равшан” ва дастаи “Ал-Ярмук” дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014, қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад.