Тасмими ифтитоҳи ду нуқтаи нави гумрукии Чин дар марз бо Тоҷикистону Қазоқистон
Дар ҷаласаи корӣ оид ба масоили гумрукии навоҳии мухтори Шинҷон-Уйғур (НМШУ) тасмим шуда, ки соли 2014 дар ин минтақа ду нуқтаи нави гумрук ифтитоҳ шавад. Дар ин бораи торнамои “Шинҷон” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як нуқтаи гумрукӣ, ки “Қарасу” ном хоҳад дошт дар марзи муштараки Чин ва Тоҷикистон фаъол гардида, нуқтаи дигар дар маркази байналмилалии ҳамкориҳои марзии “Харгос”-и Чину Қазоқистон ба кор оғоз мекунад.
“Ин ду нуқтаи нави гумрукӣ дар Шинҷон имкон медиҳад, дар нуқтаҳои назоратӣ хадамоти убур ва мурур дар сатҳи хуб ба роҳ монда шавад”,-навиштааст манбаъ.