Собиқ масъули IRS: "Тамоми роҳҳо пулакӣ шаванд, хуб аст"
Рустам Абдуллоев, ноиби раиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи “Душанбе-Чаноқ”, мегӯяд, беҳтар аст, ҳукумати Тоҷикистон тамоми роҳҳоро пулакӣ кунад ва аз ин нафъ хоҳад диду зиён на. Оқои Абдуллоев ин ҳарфҳоро рӯзи 29 январи соли ҷорӣ дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён дошт.
Ӯ таъкид кард, агар нигаҳдории роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба ихтиёри ширкати IRS гузошта намешуд, иқтисоди кишвар зиён медид. Абдуллоев, ки дар гузашта ба ҳайси мудири фаннии ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) кор кардааст, гуфт, "ҳоло дар тамоми дунё нигоҳдории пулакии роҳҳо вуҷуд дорад ва чунин амал барои беҳтар нигоҳ доштани роҳҳо мусоидат менамояд."
“Фаъолияти сесолаи ширкати IRS нишон дод, ки ин ширкат фаъолияташро хеле хуб ба роҳ мондааст. Раҳмат ба ширкати IRS, ки омада ҳамин роҳи моро нигаҳдорӣ мекунад”,-афзуд ӯ. Ба қавли Рустам Абдуллоев, яке аз сабабҳои вайрон шудани роҳҳои дар ихтиёри IRS гузошташуда, ин гузаштани мошинҳои вазнин аз ин роҳ мебошад. Номбурда мегӯяд, "роҳ барои мошинҳои вазнашон то 40 тонна сохта шудааст, аммо мошинҳои аз 40 тонна боло гузашта роҳро вайрон мекунанд."
Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро ба ӯҳда дорад. Ин ширкат фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз намуда, ҳукумати Тоҷикистон ба он сабукиҳои зиёдеро қоил шудааст. Қаблан, расонаҳо ин ширкатро ба муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, мансуб медонистанд, аммо худи Нуралиев ин иддаоро рад карда, таъкид намуд, ки соҳиби IRS нест ва ҳеч робитае бо ин ширкат ҳам надорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)