(VIDEO) Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон: “Занҷонӣ дурӯғ мегӯяд”
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, гуфт, натиҷаи санҷиши “Контбонк” нишон дод, ки иддаои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, дар бораи интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳрон дурӯғ аст. Вай аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки аз куҷо ва чӣ гуна ин овозаҳо рӯ задаанд.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон иброз дошт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист. Ӯ гуфт, дар санади мазкур мӯҳри Бонки Миллӣ вуҷуд надорад ва дар ин маврид бо муовини раиси Бонки Марказии Эрон низ гуфтушунид доштаанд, ки онҳо низ қонеъ шудаанд. “Ман ин сандаро дидам, ин санад дар мо аст, танҳо як коғаз аст. Маълумоти свифт гуфтанӣ чиз аст, ки дар рӯи коғаз чоп мешавад”,-гуфт ӯ. Вай афзуд, масъалаи Занҷонӣ дар сатҳи Бонки Миллии Тоҷикистон ҳалли худро ёфта ва боқии ин моҷароро худи миллиардеру Эрон медонанд.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллиардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк”-у Осиё Экспресс дар Тоҷикистон, мебошад.
Ҳоло мақомоти Эрон мегӯянд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро рад кард.
Рӯзи 28 январ Сайидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, бо баргузории нишасти хабарӣ гуфт, моҷарои Бобак Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, ба равобити Душанбеву Теҳрон таъсире надорад. “Занҷонӣ ҳеч нуктае манфӣ бар муносибати Эрон бо Тоҷикистон надорад. Эшон ба унвони як тоҷир фаъолият дошта, мисли онҳоест, ки дар Тоҷикистону Эрон фаъолият мекунанд”,-таъкид дошт ӯ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)