Ҷавоби Рустами Ҷонӣ ба ҳушдори раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон
Бунёдгузори “ИмрӯзНюз” изҳороти Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси Роҳи оҳани Тоҷикистонро, ки онҳоро ба эҳтиёткорӣ хонда ва гуфт, медонад, дар пушти онҳо кӣ меистад, таҳдид донист.
Рустами Ҷонӣ рӯзи 29 январ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “қонунгузории Тоҷикистон таҳдид ба ҷони инсон ва шаҳрвандро манъ кардааст. Ба ҷуз ин ки корманди “ИмрӯзNews” як шаҳрванд аст, журналист аст ва тибқи қонунгузорӣ, вазифаҳое дорад, ки монеъ шудан ба онҳо ҷиноят аст.” Бунёдгузори “ИмрӯзНюз” мегӯяд, ҷаноби Ҳукуматулло айни замон ҳам ба журналист таҳдид кардааст ва ҳам ба шаҳрванд. “Боз ин мавқеи худро бо ҳуқуқдонҳои ширкат баррасӣ мекунем, тасмими мо қатъӣ хоҳад буд”,-афзуд ӯ.
Рустами Ҷонӣ мегӯяд, “ҳеч кас ва боз мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад, аз доираи ваколатҳои худ берун равад. Ҳукумов изҳор доштааст, ки медонад пушти мо кӣ меистад. Мо ҳам медонем: Худо, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои додаи президент. Агар таҳдиди Ҳукумов ба ҳамин пуштҳои мо равона шуда бошад, фикр мекунем, бештар ӯ «бояд эҳтиёт бошад ва ба ҷони худ ҷабр накунад». Барои мо аҷиб метобад, ки натиҷаҳои парвандаи дар ҳоли баррасибударо Ҳукумов пешакӣ медонад."
Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд. Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.” Ӯ аз қазияи пирӯз шудани Рустам дар баҳси додгоҳӣ бо “ИмрӯзНюз” ёдовар шуда, илова кард, “ӯ ҳанӯз ин маблағи ҷубронро талаб накардааст.” Вале таъкид дошт, ин амалкарди бархе аз расонаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба қазияи писарашро бе ҷавоб нахоҳад монд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)