Ҳукумати Украина ба истеъфо рафт
Торнамои расмии давлати Украина аз истеъфои Николай Азаров, нахуствазир ва кобинаи вазирони ин кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, нахзуствазири Украина бо хиҳиши худ барои ҷилавгирӣ аз печида шудани вазъият симаташро тарк карда, истеъфономаи ӯ аз сӯи Виктор Янукович, раисиҷумҳури ин кишвар ба имзо расидааст. Торнамои расмиии давлати Украина мегӯяд, тибқи қонунгузории ин кишвар, замони ба истеъфо рафтани нахуствазир тамоми вузарои ин кишвар низ ба истеъфо фиристода мешавад.
Нахуствазири ба истеъфо рафтаи Украина дар шарҳи ин иқдоми худ ба хабарнигорон гуфтааст, ӯ шахсан аз раисиҷумҳури ин кишвар хостааст, то зери истеъфономааш имзо гузорад: “рафтани ман ба хотири фароҳам шудани фурсати бештар барои созиши сиёсию иҷтимоӣ, ҳаллу фасли муноқашаи пешомада мебошад.”
Дар пайи имзо нашудани қарордоди ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи Виктор Янукович гуруҳҳои мухолифи ин кишвар дар эътироз ба ин амалкарди раисиҷумҳури худ моҳи ноябри соли гузашта даст ба тазоҳурот заданд. Раҳбарони мухолифони ҳукумати Украина бар инанд, ки ин иқдоми раисиҷумҳури ин кишвар маънои дурӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва наздик шудан ба Кремлро дорад. Эътирозҳо алайҳи тағйири самти сиёсати давлати Украина аз 20 ноябри соли гузашта ба ин сӯ идома дорад.