Дипломати тоҷик зикр намуд, ки китоб, илму дониш асоси пешрафти ҷомеа мебошанд ва ба ин хотир зарурати бештар рӯ оварданро ба илмҳои дақиқ, техника ва технологияҳои нав, истифодаи васеи илм дар истеҳсолот таъкид намуд. Дар пайвастагӣ ба ин мавзӯъ Д. Ҳотамов ёдовар шуд, ки ҳоло дар Эрон 104 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки 96 нафари онҳо муҳассилини ихтисосҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва забон мебошанд. Ба андешаи ӯ, дар Эрон, ки техника ва технологияи пешрафта, пойгоҳи илмию таълимии замонавӣ дорад, хуб мешуд, ки ҷумҳурии мо мутахассисони соҳаҳои техникӣ ва истеҳсолӣ, муҳандисон, табибон, роҳсозон ва дигар ихтисосмандони барои рушди иқтисоди Тоҷикистон заруриро омода кунад.
Дар ҳошияи намоишгоҳ қисми ҳайат бо нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ , ки ҳоло раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон мебошад, вохӯрӣ намуд. Қобили қайд аст, ки анҷумани зикршуда дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар намоишгоҳ ғурфаи алоҳида боз намудааст ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.