Арзиши тақвимҳо бо акси президент боло рафтааст
Мағозаҳои шаҳри Ашқобод пур аз тақвимҳо бо акси президенти кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст, ки бо арзиши гарон фурӯхта мешаванд. Дар ин бора “Хроника Туркменистана” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тақвимҳои рӯимизӣ 56 манат, наздики 20 доллар арзиш доранд, ки барои як сокини одии пойтахт ба таври қобили мулоҳиза гарон аст. “Ин тақвимҳоро аслан мансабдорону тоҷирон мехаранд, то дар утоқҳои кории худ гузошта, эҳтирому садоқаташон ба райисҷумҳурро намоиш бидиҳанд”,-навиштааст торнамо.
“Хроника Туркменистана” афзуда, ки соли сипаришуда тақвимҳои рӯимизӣ бо акси Бердимуҳаммадов 45 манат ё 16 доллар нарх доштанд: “Аммо ин тақвимҳоро натавонистанд пурра фурӯшанд. Ва ҳоло низ тақвимҳои соли 2013 дар мағозаҳо фаровон аст. Бо вуҷуд имсол низ онҳо бо теъдоди зиёд нашр мешаванд. Тарғиб дар Туркманистон аз фоида дида муҳимтар аст”.