Омӯзиши протоколи 200-саҳифагии мурофиаи Зайд Саидов (VIDEO)
Вакилони дифои Зайд Саидов , соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик ба 26 соли зиндон мегӯянд, ҳоло ба омӯзиши протоколи додгоҳии марбут ба парвандаҳои нафари таҳти ҳимояташон машғуланд. Шӯҳрат Қудратов , яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 29 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин протоколи додгоҳӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва дар сурати пайдо шудани эрод аз болои он ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи Қудратов, ин протоколи додгоҳии марбут ба парвандаҳои шахси зерҳимояшон иборат аз 200 саҳифа мебошад. Инчунин, Қудратов илова намуд, интизор меравад, дар рӯзҳои наздик аз болои ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов ба Созмони Милали Муттаҳид (ООН) шикоят баранд. Ӯ афзуд, онҳо то ҳол матни ҳукми Додгоҳи олӣ дар бораи Зайд Саидовро нагирифта, додрас Шавкат Абдулхайров то ҳол пойбанди шарти пешинааш аст. Қаблан Абдулхайров гуфта буд, танҳо ба шарти он ки ҷузъиёти ҳукм ошкор намешавад, матни ҳукми Зайд Саидовро ба вакилонаш хоҳад дод. Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав” моҳи майи соли гузашта боздошт ва 25 декабри 2013 бо иттиҳоми таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, сӯиистифода аз мансаб ва гирифтани ришва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, маҳкумияти Зайд Саидов ангезаи сиёсӣ дошта, ба талошҳояш барои ворид шудан ба майдони сиёсат рабт доранд. VIDEO
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)