Амонулло Ҳукумов: “Аз Расул умеди зиёд дорам” (ВИДЕО)
Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ки дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта бо иштироки БМВ-и писараш -- Расули 16-сола камнамо буд, дар нишасти хабарии 29 январи ин ниҳод ҳозир шуд.
Ҷаноби Ҳукуматулло дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон дар мавриди ин садама низ ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, "агар гап дар бораи шахси ман равад, гапи дигар аст, вале дар бораи фарзанди ман меравад, ман талаб мекунам, чизе қонун мегӯяд, бояд ҳамон шавад. Журналист чӣ ҳақ дорад, ки мегӯяд, писари ман се нафарро куштааст? Шаб, соати 2, ин садама шуд. Ман ба Ҷаноби Олӣ ҳам гуфтам. 6 соат ягон кас ба ман хабар надодааст, бояд ба ман мегуфтанд. Барои ба Олмон рафтани Расул ва таҳсилаш дар он ҷо ду моҳ талош кардем. Бисёр бачаи чаққон асту забони тоҷикию англисиро хуб медонад. Ман аз ӯ бисёр умед дорам”.
Амонулло Ҳукуматулло таъкид кард, баъд аз анҷоми тафтиши садама бо иштироки писараш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад: “Ман то ин ҳад бе виҷдон нестам, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият дошта, писари худро ба хориҷ гурезонам.”
Дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се нафар ҷон дода, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст.
Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ буда, сари фармони БМВ-и Расули Амонулло қарор доштааст. Дар пайи ин қазия модари Расули Амонулло барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт 120 сомонӣ ҷарима шудааст.
Ҳарчанд Амонулло Ҳукуматулло иштироки писараш дар садамаи шаби 9 октябри соли гузаштаро рад кард, вале наздикони ӯ чанд бор ба ҷабрдидагони садама ва хонаводаи онҳое, ки ҳалок шудаанд, кумакпулӣ додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)