Рамазон Раҳимов дар Исфара ва сӯҳбаташ бо маъмурони пулис
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ду рӯз боз дар минтақаи шимоли кишвар қарор доштааст. Сухангӯи ВУД, Ҷалолиддин Садриддинов, рӯзи 29 январ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, оқои Раҳимов дар пайи ин сафараш бо масъулони Шӯъбаи умури дохилии Исфара сӯҳбат карда, аз вазъият дар марз низ огоҳ хоҳад шуд.
Аммо сухангӯи Вазорати умури дохилӣ нагуфт, дар сӯҳбати Рамазон Раҳимов бо маъмурони пулиси Исфара чӣ масоиле баррасӣ шудааст ва оё мавзӯи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ, низ матраҳ буда, ё не. Бо ин ҳол, ин сафари Рамазон Раҳимов ба Исфара дар ҳоле сурат мегирад, ки мавзӯи марги Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара ин шабу рӯз доғ шудааст.
Худи масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки рӯзи 27 январи соли ҷорӣ бе ҳузури Рамазон Раҳимов баргузор шуд, гуфтанд, чаҳор нафарро барои марги Тоҷиев муҷозот кардаанд.
Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст. Вай ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфта буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)