Даъвати боз як бозигари тими миллии Тоҷикистон ба Озарбойҷон
Аҳтам Ҳамроқулов ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол, ки се мавсими ахир дар ҳайати “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ дошт, ба клуби “АЗАЛ”-и Бокуи Озарбойҷон гузаштааст.
Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҳамроқулоби 25-сола бо “АЗАЛ” барои дуюним сол қарордод бастааст. Аз 10 январ ба ин сӯ Аҳтам дар панҷ бозии санҷишии клуб ширкат намуда, дар як дидор се ва дар бозии дигар ду гол задааст.
Дар ҳайати “АЗАЛ” Ҳамроқулов бо рақами 22 ба майдон мебарояд. “АЗАЛ” дар ҷадвали мусобиқоти Озарбойҷон, ки 10 даста иштирок мекунад, дар ҷои ҳафтум аст.
Аҳтам Ҳамроқулов, дастпарвари мактати футболи Қӯрғонтеппа буда, соли 2005 беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон эътироф шуд. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тимҳои “Сафарбек Каримов” (Хуросон), “Машъал” (Узбакистон) ва “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 9 бозӣ карда, се гол задааст.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз қабл Даврон Эргашев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон бо клуби “Габала”-и Озарбойҷон қарордод баста буд.
“Габала” яке аз пешсафони чемпионати Озарбойҷон буда, онро Юрий Семин, тренери шоистаи Тоҷикистон тамрин медиҳад.