Кумитаи дин: “Амонуллозода мувофиқи қонун... амал кардааст”
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон навори баҳси Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ бо Эшони Нуриддинҷон, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналиро шарҳ дод. Ин намози ҷаноза се ҳафтаи пеш дар маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Оли Совет) баргузор шуда, то ҳоло ҳарорати баланди баҳси он дар торнамову шабакаҳои иҷтимоӣ поин наомадааст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, аз рӯи хулосаи масъулони Кумита, “Ҷамолиддини Амонуллозода мувофиқи шариат, қонун ва оинномаи иттиҳодияи динӣ амал кардааст ва ин мавзӯъ ниёз ба баррасӣ надорад.”
ВОКУНИШИ ИДОРАИ ДИНИ РӮДАКӢ
Масъулини Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ низ мегӯянд, моҷарои пешомада дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ миёни Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳия ва Эшони Нуриддинҷонро таҳқиқ нахоҳанд кард, чун дар он ҳеҷ навъи қонуншикание дида намешавад. Дар ин ҷанозаи сокини маҳалли Оли Сомон (Оли Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ Амонуллозода ба Эшони Нуриддинҷон, ки бо васияти майит барои адои намози ҷаноза ҳозир шудааст, иҷоза намедиҳад, пеш гузарад.
Мухтор, сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, 29 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин моҷаро ниёзе ба таҳқиқ надорад, чун дар он ҳама вазифаи худро адо кардааст. Ӯ гуфт, “мо рафтем аз дур назорат бурдем, чи гуна тафтишот мебарем, чӣ ҳақ дорем? Ҳама кори худро кардааст...” Ба гуфтаи сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамолиддин Амонуллозода сиvмати сархатибии ноҳияро дорад ва дар сурати ҳузури ӯ, касе ҳаққи пешдароӣ дар намози ҷанозаро нахоҳад дошт: “Вале агар аз рӯ эҳтиром гирем, домуллоҳо метавонанд, ба шахсиятҳои аз худ боло иҷоза диҳанд, то намозро гузорад.”
Чанд рӯз пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки мавриди баҳси зиёди корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)