Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд
Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, ҳамкориҳо бо Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ дар мулоқот бо Музаффар Ҳусейнов, сафири Тоҷикистон дар Тошканд баррасӣ шудаанд.
Тибқи иттилои мақомоти узбак, мулоқот дар бинои Вазорати умури хориҷии ин кишвар баргузор шуда, дар он масоили мубрами ҳамкориҳои дутарафа муҳокима гардидаанд.
Мақомоти узбак аз ҷузъиёти мулоқот иттилоъ намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо майл ба коҳиш доранд. Баробари камшавии додугирифти мол феълан хатсайри мустақим миёни Тоҷикистону Узбакистон мавҷуд нест ва Тошканд роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлонро низ тахриб намудааст. Инчунин соли дуюм аст, ки интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)