Муҷозоти Зулайхо Маҳмадшоева аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷикро, барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба маблағи 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардааст. Парвандаи Маҳмадшоева аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таҳия шуда, баъдан ба додгоҳ ирсол гардид.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, “чанде пеш аз тарафи кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 481-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ ва моддаи 8-и Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхои миллӣ» парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрванд Маҳмадшоева Зулайхо оғоз гардида, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шуда буд. 17 январи соли ҷорӣ бо қарори додгоҳ Зулайхо Маҳмадшоева дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ва моддаи 8-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ҷазо дар намуди ҷарима бо андозаи 110 нишондҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4400 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.”
30 декабри соли гузашта дар интернет зери унвони “днюхаи Зулайхо” наворе пайдо шуд, ки баҳсу вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят карданд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад. Баъдан масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо Зулайхо Маҳмадшоеваро даъват карда аз ӯ баёнот гирифтанд, ки дар он овозхони тоҷик гуфтааст, ин навор на аз ҷашни зодрӯз, балки муаррифии албоми нахустини ӯст.
Зулайхо Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои Манижа вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар” ва “Дили девона”-анд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)