Бо маоши вазирони тоҷик танҳо дар 20 сол метавон хона харид
Дар Душанбе ҳоло фурӯши хона аз доллар ба евро гузаштааст. Арзиши хонаҳо гуногун аст ва аз 30 ҳазор евро оғоз мешаваду ба 100 ва 200 ҳазор мерасад.
Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳарчанд дар соли 2013 нархи семент паст шуда ва як килои он аз 1 сомониву 10 дирам ба 70 дирам поён рафтааст, аммо метри мураббаи хонаҳо ба ҷои арзон шудан гарон шудаанд. Агар дар соли 2011 арзиши як метри мураббаи хона аз 750 то 1000 доллар мерасид, ҳоло аз ҳазор доллар то 1,5 ҳазорро ташкил медиҳад.
Бо ин вуҷуд ки маҳсулоти асосии сохтмон семент аст ва бо паст шудани нархи он бояд хона арзон шавад, аммо натиҷаи баръакс медиҳад. Ба таври мисол, ҳоло манзили якҳуҷрагие, ки 40 ё 45 метри квадратӣ масоҳат дорад, бо арзиши 35-40 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Аз рӯи ин ҳисоб ҳар як метри квадратии хона ҳудудан ба ҳазор доллар баробар аст.
Нархи хона гаронтар шудааст
Дар ҳоле ки як кило семент 40 дирам арзон шудааст, бояд нархи сохтмон ҳам ба ҳамин андоза паст шавад. Масалан, агар барои манзили якҳуҷрагӣ 10 тонна семент сарф шавад, бо арзиши қаблии 1,10 сомонӣ арзиши 10 тонна семент ба 11 000 сомонӣ баробар мешавад. Вале агар як кило семент 70 дирам бошад, пас, барои манзили якҳуҷрагӣ бар ивази 11 000 сомонӣ 7 000 сомонӣ хароҷот мешавад. Яъне, аз 10 тонна семент 4 000 сомонӣ сарфа мешавад. Дар ин сурат агар манзили як ҳуҷра 10 миллиону 10 000 ҳазор сомонӣ арзиш дошта бошад, бояд нархи он то 700 миллион сомонӣ поин ояд. Вале бо вуҷуди арзон шудани семент коҳиши нархи хона ба назар намерасад.
Агар нархи хонаро бо моҳонаи шаҳрвандон муқоиса намоем, шояд дар ҷаҳон гаронтарин нархи манзил дар Душанбе бошад. Ҳоло мо нархи миёнаи хонаро ба назар мегирем ва ҳисоб мекунем, ки бо маоши ҳадди ақалл, миёна ва болои як тоҷик дар чанд сол харидани манзил имкон дорад. Тақрибан нархи миёнаи манзили ду ҳуҷрадор дар пойтахт 70 ҳазор доллар аст. Дар ҳамин ҳол бо супориши президент дар соли 2013 музди ҳадди ақали аҳолӣ ба 250 сомонӣ бардошта шуд. Соли гузашта Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо маоши миёнаи аҳолиро баробар ба 690 сомонӣ гуфта буд. Маоши боло асосан ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва вазирон дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода мешавад. Акнун мо бо маоши ҳадди ақалли 250 сомонӣ, маоши миёнаи 700 сомонӣ ва маоши болои 3000 сомонӣ қобилияти хонахарии аҳолиро баррасӣ мекунем.
Аҳмади коргар, Раҳмати муҳандис ва Маҳмади вазир
Барои ҳисоби ин мавзӯъ фаразан се қаҳрамон меорем, ки яке Аҳмади коргар 250 сомонӣ, Раҳмати муҳандис 700 сомонӣ ва Маҳмади вазир 3000 сомонӣ маош мегиранд. Сараввал ба ҳисоби маоши Аҳмади коргар (250 сомонӣ) мепардозем, ки дар чанд сол метавонад соҳиби хонаи 70 ҳазордолларӣ шавад. Ба асъори миллӣ 70 ҳазор доллар 336 000 сомонӣ мешавад. Аз рӯи ин маош Аҳмад дар як сол 3000 сомонӣ даромад дорад. Дар 10 сол 30 ҳазор ва дар сад сол 300 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Аҳмад бо 250 сомонӣ маош ҳатто дар сад сол ҳам хона харида наметавонад. Агар Аҳмад ҳеч чиз нахӯрад, ба ягон нақлиёт савор нашавад, аз дастгоҳҳои замонавие монанди телефону телевизору компютер истифода накунад, ягон пардохти иҷтимоиро напардозад, хизматрасонии коммуналиву обу барқу газро давлат бе пул барояш муҳайё созад ва шукрона карда, ҳамаи ин мушкилиҳоро паси сар намояду толеаш баланд бошаду намирад, дар давоми расо 112 сол соҳиби хонаи 70 ҳазор долларӣ мешавад. Агар Аҳмад аз синни 18 солагӣ корро оғоз карда бошад, инак, дар синни 130 солагӣ шахси мустақил шуд ва бо зану фарзандонаш бори аввал дар хонаи алоҳида, ҷудо аз волидайн зиндагии алоҳидаро ба роҳ мемонад.
Раҳмати муҳандис ҳар моҳ 700 сомонии худро дар зери болишт пинҳон карда, умедвор аст, ки рӯзе дар пойтахти Тоҷикистон соҳиби хонаи дуҳуҷраӣ мешавад. Аммо ба шарте ки дар давоми солҳои тӯлонӣ аз гӯшаи ин пул чиптаи қатор ва автобус нахарад, иҷорапулӣ насупорад, нахӯраду напӯшад, дар чил сол соҳиби манзил хоҳад шуд. Даромади Раҳмат дар як сол 8400 сомонӣ ва дар 10 сол 84 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Танҳо баъд аз 40 сол соҳиби хона шуданаш имконпазир мегардад. Раҳмат ҳам агар аз синни 18 солагӣ ба кор оғоз карда бошад ва нахӯрдаву напӯшидаву боз намурда бошад, дар синни 58-солагӣ шахси мустақил ва соҳиби хона мешавад.
Вазири тоҷик аз кадом ҳисоб соҳиби қаср мешавад?
Аксари мансабдорони Тоҷикистон баробари сари вазифа расиданашон соҳиби хонаҳои 5 ҳуҷраӣ ва ҳатто қасру мошинҳои 100 ҳазор долларӣ мешаванд. Аммо Маҳмади вазир дар як моҳ 3000 сомонӣ маош мегирад, ки дар як сол 36 ҳазор ва расо дар давоми 9 солу 4 моҳ ба 336 ҳазор сомонӣ мерасад. Ин ҳам дар сурате, ки давоми ин 9 сол Маҳмади вазир ягон намуди андози давлатиро напардозад, аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод шавад, нахӯраду напӯшад, ҷашну зиёфат барпо накунад, ба ибораи дигар Маҳмад инсон не, фаришта бошад. Агар нисфи маошашро ба мисли муаллиму чӯпон барои рӯзгузаронӣ харҷ кунад, пас, ҳудудан дар давоми 20 сол метавонад як хонаи дуҳуҷрадор харад.
Аз рӯи ин ҳисоб вазирони тоҷик баъд аз 20 соли сари вазифа буданашон тоза имконияти хонахариро пайдо мекардаанд. Албатта, агар аз вазифа нараванд. Тасаввур кунед, вазирон бо ин ҳама зуд-зуд ҷойивазкунӣ чӣ гуна дар муддати кӯтоҳ тавонистаанд соҳиби хонаҳои боҳашамат шаванд? Мегӯянд, на танҳо вазирон, ҳатто баъзе мансабдорони сатҳи поёнтар дар Душанбе 4-5 манзили бошукӯҳ доштаанд. Барои мардум аз кадом ҳисоб хонаҳои боҳашаматро соҳиб шудани мансабдорон муаммост. Зеро маълум аст, маоши онҳо барои харидани хонаҳои 100 ва 200 ҳазор долларӣ тамоман нокифоя аст.
Аммо, аҷобат дар он аст, ки ин мавзуъ диққати муҳаққиқонро то ҳанӯз ҷалб накардааст. Яъне чи гуна метавон бо маоши кам ҳам намурда зисту ҳам хонаву мошини гароннарх харид? Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)