Киро эшон гӯему киро ҳазрат ва киро мавлавиву аллома?
Корбурди унвон ё худ истилоҳҳои мазҳабии “мулло”, “домулло” ва “мавлавӣ”-ю “аллома” ё “муфтӣ”, ки ба руҳониёни исломӣ нисбат дода мешаванд, баҳсеро дар ҷомеа ба миён гузоштааст. Ҳарчанд бархе ин вожаҳо то ҷое маънои луғавии худро доранд, вале чизе, ки ҳоло ҷомеаи тоҷикро ба баҳс кашидааст, ин мафҳуми истилоҳӣ ва фарқияти онҳо аз якдигар мебошад.
Дар мавриди киро “мулло”-ву “домулло” ва кадом рӯҳониро “аллома”-ву “мавлавӣ” метавон гуфт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, ин масъала ба урфияти мардум вобаста буда, дар сарчашмаҳои фиқҳӣ дар ин бора чизе наомадааст. Ба қавли мусоҳиби мо, дар Ислом унвон ё рутба вуҷуд надорад ва ин мардум аст, ки худ ба онҳо унвон мегузоранд. “Агар дар мо рӯҳониро “мулло” ё “домулло” гӯянд, пас, дар Афғонистону Покистон ӯро “мавлавӣ” гуфта садо мекунанд. Яъне, аз ин фаҳмида мешавад, ки ҳар қавму миллат вобаста ба урфи хеш рӯҳониёнро ном мегузоранд”- меафзояд Тӯраҷонзода.
Вожаи “мулло” ҳоло маъмултарин унвон ё истилоҳе мебошад, ки дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик бо он рӯҳониёнро ном мегиранд. Бархе аз донишмандон онро баргирифта аз феъли арабии “малаа”(пур шуд) медонанд. Яъне, гӯиё калимаи “мулло”-ро ба шахсе нисбат бояд дод, ки маълумоти пур ё комил дар бораи фиқҳи исломӣ гирифтааст. Аммо Абдуллоҳи Оқилзода, узви Маҷмааи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, аслан чунин вожае вуҷуд надорад ва калимаи "мулло" шакли нодуруст талаффузшудаи калимаи арабии "мавло" мебошад, ки маънои ҷаноб ва ҳазратро ифода мекунад.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вожаи “эшон”-ро низ, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо он сайидзодаҳо ном гирифта мешаванд, дар ин бора истисно намедонад. Ӯ гуфт, ин масъала низ вобаста ба урфу одати мардум аст: “Дар баъзе аз минтақаи шимоли кишвар сайидзодаҳоро, ки мо эшон ном мегирем, “тӯра” мегӯянд... ”
Дар мавриди калимаи муфтӣ низ бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки корбурди ин вожа ҳоло дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик “корношоям” шудааст. Коршинос Аъзамшоҳи Ширговадӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон мақоме бо номи муфтӣ вуҷуд надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, дар ин бора на дар Сарқонун ва на берун аз он бо вуҷуди беш аз 90% мусулмон будани сокинони кишвар чизе оварда нашудааст. Ӯ илова менамояд, ки Тоҷикистон Маркази исломӣ дорад, ки раҳбари онро раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ном мегиранд, на муфтӣ ва ба назари Ширговадӣ раиси Шӯрои улмаморо муфтӣ номидан ғалат аст: “Маркази исломии Тоҷикистон ҳам як маркази ҷамъиятӣ аст на ҳуқуқӣ, ки гоҳ гоҳ бо истифода аз фатвоҳои онҳо бархе аз сиёсатмадорон сӯистифода мекунанд.”
Бо ин ҳол, дар муқоиса ба солҳои пеш истифодаи вожаи ҳоҷиву мавлавӣ ва ҳазрату эшону домулло дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд шуда, бештар вақт аз забони ҷавонон садо медиҳад. Собири Муҳаммад, таҳлилгари масоили динӣ, мегӯяд, борҳо шоҳиди он шудааст, ки аслан касеро, ки дар умри худ Ҳаҷро надида ва ё дар бораи он тасаввуроте надорад, бо номи ҳоҷӣ садо мекунанд ва ё касеро, ки шояд бо рӯҳоният пайванде надорад, эшону ҳазрат мегӯянд. “Ин як навъ баёни эътиқод ва бовар аст. Гузашта аз ин, истифодаи чунин вожаҳо, ки мисли як рутбаанд, мақоми шахси мухотабро боло мебарад ва тариқаи осоне барои ҳалли корҳои муҳим аст”,-афзуд мусоҳиби мо. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)