Убайдуллоев хост, сокинон дар “Наврӯзгоҳ” издивоҷ кунанд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ ба фаъолияти “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дахл карда, онро макони хуб барои издивоҷи сокинон арзёбӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев бо назардошти фароҳам будани инфраструктураи лозима, масъулинро муваззаф сохтааст, ки ояндаи наздик масъалаи дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба роҳ мондани фаъолияти Хонаи ақди никоҳи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Раиси Душанбе дар робита ба омодагиҳо барои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт дастур додааст, ки дар толорҳои барҳавои КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузории намоишгоҳҳои доимоамалкунандаи маҳсулоти истеъмолию ниёзҳои рӯзгор ва гулу буттаҳо тарҳрезӣ гарданд.